Баргузидаи Худою амири одил: рэпи овозхони тоҷик дар бораи Рамазон Қодиров – видео

Толибҷон Қурбонхонов, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки бо сурудҳояш дар васфи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия машҳур буд, дар васфи Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон рэп хондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Қурбонхонов бо нашри ин суруд дар Ютуб, Қодировро аз ҳамроҳони содиқи Путин хонда, изҳор доштааст, ки баъди сарусадо дар мавриди эҳтимоли барканории Қодиров тасмим гирифт, ки ба ҷонибдории ӯ суруд хонад.

Толибҷон дар суруди наваш, ки зери унвони “К.Р.А.” нашр шудааст, худро форс ва табиатан шоир гуфта, Рамазон Қодировро ҳамдину ҳамминталитет тасвир кардааст ва таъкид намудааст, ки аз будуни чунин фарди бонуфуз – “авторитет” ифтихор дорад.

Ӯ дар идома, Рамазон Қодировро баргузидаи Худою пайрави Расул хонда, аз шайтонҳо даъват кардааст, ки тарсанду тан диҳанд ва бародарон барои ӯ дуо кунанд.

Ба гуфтаи ин овозхон, Қодиров дар ҷаҳон шинохта буда, ҳамаи талошҳояш барои сулҳ равона шудаанд.

Толибҷон Қурбонхонови тоҷикистонӣ бо таронаҳои “ВВП”, "С юбилеем, господин президент!” ва “Спасибо тебе Боже за Владимира”, ки ба Путин бахшида шудаанд, маъруф гардида, дар раддабандиҳои маддоҳон ҷой гирифта буд.

 

Толибҷон Қурбонхонов замоне шинохта шуд, ки соли 2012 нахустин сурудашро таҳти унвони “ВВП” сароид ва дере нагузашта таронаи дигари ӯ "С юбилеем, господин президент!”, ки ба 60 солагии Путин бахшида буд, нашр шуд.

Толибҷон Қурбонхонов ба дунболи “ВВП” ва "С юбилеем, господин президент!”, як таронаи дигар ҳам дар васфи Путин иҷро кард, ки “Спасибо тебе Боже за Владимира” ном дошт.