Ба ҷои арча истифода баред: Раҳмон ҷойгузини арча дар Соли нави миллиро қабул кард - акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллиро тасдиқ карда, дастур додааст, ки он ба ҷои арча истифода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти шаҳру вилоятҳо муваззаф шудаанд,  рамзи тасдиқкардаро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд.

Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо

Манбаъ афзуд, ки рамзи Соли нави миллӣ аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

“Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст”, - тавзеҳ додааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ба ҷои арча истифода баред: Раҳмон ҷойгузини арча дар Соли нави миллиро қабул кард - акс

Бар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

“Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур аз қавли донишмандон илова намуд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад.

“Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад”, - таъкид кардааст манбаъ.

Дафтари матбуот иттилоъ додааст, ки сохти гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода гардида, манзури шаҳрвандон мегардад.

“Дизайнерон дар ҳар шаҳру ноҳия метавонанд барои назди ҳавлиҳо, муассисаю корхонаҳо шаклҳои мақбултари конструксияҳоро тарҳрезӣ намоянд”, - таъкид шудааст дар иттилоия.