Саёҳати Тошканд: духтарони узбакистонӣ Буракро "нафасгир" карданд

Ҳунарманди турк чанд рӯз дар Тошканд буд. Ӯ куҷое мерафт, мухлисонаш - духтарони узбакистонӣ бо вай акс мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки диққати ҳунармандро ба худ ҷалб кунанду бо ӯ сӯҳбат кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ситораи турк Бурак Озчивит, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан дар Тоҷикистон ва Узбакистон низ номӣ аст, ба Тошканд сафар кард ва чанд рӯз дар ин шаҳр монд. Ӯ бо занони тоҷиру моделҳо ва дигар духтарон мулоқот кард ва аз шаҳр дидан карда, бо ҳунармандони ҷавон дарс ҳам гуфт.

Ҳоло мухлисон ва ҳасудонаш дар Узбакистон баҳс доранд, ки ҳунарманд дар ин сафар чанд пул даромад кардааст. Sputnik Узбакистон мулоқотҳои Буракро бо духтарон, ки дар ҳама ҷо ӯро иҳота мекарданду бо вай акс мегирифтанду саволборонаш мекарданд, ҷамъ овардааст. Дар бархе аз онҳо, ба назар мерасад, ки ҳунарманд аз ин таваҷҷӯҳи бениҳоят зиёд ҳатто "нафасгир" шудааст.

Бино бар иттилои вебгоҳи pl.uz, Бурак Озчивит ҳанӯз 14 феврал ба Узбакистон сафар карда буд. Ситораи туркро кормандони фарҳанг ва кинои Узбакистон пешвоз гирифтанд. Аллакай дар фурудгоҳ ба бурак "фанатҳояш" "ҳуҷум" карданд. Онҳо ҳунарманди дӯстдоштаашонро гарм пазироӣ мекарданд ва бо ӯ акс мегирифтанд. Бархе аз расонаҳои кишвар навиштанд, ки шояд Бурак барои нақш бозидан дар филми узбакӣ ба Тошканд сафар кард.

"Кэмал" бо санъаткорон мулоқот кард. Ҳаҷвнигори номӣ Ҳалима Иброҳимова низ аз маъракаи густурдаи қабули меҳмон канор намондааст. Ӯ аксашро бо Бурак дар Инстагарм мунташир кардааст.

Ганя Усманова, ҷияни Алишер Усмонов низ дар аксе дар Инстаграм ҳунарманди туркро қайд карда, навиштааст: "Ӯ аз ман илтимос кард, ки бо вай акс гирам. Ман хоҳишашро рад карда натавонистам!".

Аммо ин дуруӯғи духтар ба зудӣ ошкор шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори Бурак бо мухлисонаш дар ресторан, ки дар он ҳамсарони мақомдорони узбак, занони тоҷир ва намояндагони агентиҳои моделӣ ҳузур доштанд, пайдо шуд.

Духтарон аз ҳар тараф ҳунармандро иҳота карда буданд ва кӯшиш мекарданд, ки диққати ӯро ба худ ҷалб кунанд ё акс гиранд.

Ба иттилои бархе аз расонаҳо, Бурак дар ин сафар 379 ҳазор доллар даромад кардааст.

Ҳамчунин аксе пайдо шуд, ки дар яке аз кӯчаҳои Тошканд Буракро духтарон иҳота карда, акс гирифтаанд. Чунон менамояд, ки ҳунамрманд аз ин таваҷҷӯҳ монда шудааст, аммо ӯ хоҳиши мухлисонашро рад накардааст.

Ҳунарманд аз осорхонаи Амри Темур низ дидан кардааст.

Дертар мақсади сафари ҳунарманд маълум гардид. Ӯ дар таблиғи ширкати нави иштирок кардааст.

Акнун ин таблиғ бо иштироки Бурак Озчивит дар тамоми шабакаҳои Узбакистон намоиш дода мешавад.

Ҳанмарманд гуфтааст, ба наздикӣ ба Узбакистон бармегардад.