Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ муборак, ҳамзабонони гиромӣ!

Хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша мекунад, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва бо ҳам суҳбат менамоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд.

Саҳми Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ: дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир мешавад

Дар робита ба ҳифзи забони модарӣ ва нақши он дар ҳувияти шахс ожонсии “Ховар” гуфтаҳои муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо Матробиёнро интишор намудааст.

Чихеле, ки Матробиён қайд мекунад “Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этникӣ ва миллии ҳар шахс  маҳсуб мешавад.  Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад”.

 Олими намоёни немис В. фон Ҳумболдт забонро қувваи маънавии муттаҳидкунандаи соҳибзабонон ва бунёди ақидаву эҳсосоти ҳар қавм меномид.

Аз Шабнам то Зулайхо: чӣ гуна духтарони рус дар Маскав забони тоҷикӣ меомӯзанд
Забоншинос  А.А. Потебня дар забон нуқтаи марказии маънавии этносро дарк намуда, онро ягона нишонаи фарқнунандаи халқ номидааст.

Директори Генералии ЮНЕСКО К. Матсуур дар яке аз баромадҳояш бахшида ба  Рӯзи байналмилали забони модарӣ зикр мекунад: “Барои он ба забони модарӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, ки забон иникоскунандаи нотакрори эҷоди инсоният дар раванди таҳаввули  ӯ мебошад. Ҳамчун воситаи муошират,  дарк ва мулоҳиза забон низ ҳамон чизеро тафсир медиҳад, ки мо ҷаҳонро мебинем. Инчунин робитаи дирӯз, имрӯз ва фардоро барқарор менамояд… Забонҳои модарӣ барои он беҳамтоянд, ки чӣ нақшеро, ки онҳо дар шахс аз рӯзи мавлудаш мегузоранду диди махсуси чизҳоро ба ӯ ато мекунанд, он воқеан ҳеҷ гоҳ нест намешавад. Ин новобаста ба он аст, ки шахс минбаъд бо чанд забон гуфтугӯ мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ  — ин як василае барои ворид шудан ва ошноӣ пайдо намудан бо диди ҷаҳони дигар, бо рафтору муносибат мебошад”.

Ду суруд ва клипи нави Юлдуз бо забони тоҷикӣ (ВИДЕО)

Хушбахт халқу миллатест, ки бо забони модарии худ андеша мекунад, мулоҳиза менамояд, таҳлилу баррасӣ мекунад ва  бо ҳам суҳбат менамоянд. Таърих забонҳои зиёдеро ёд дорад, ки замоне онҳо ҳамчун забони абарқудрат истифода мешудаанд. Вале бо гузашти айём бо сабабҳои дохиливу берунӣ аз арсаи таърих нопадид гаштаанд.

Албатта, забонҳо беихтиёр ба таҳаввулоти дохилӣ дучор мегарданд, ки аз ин раванд забон роҳи халосӣ надорад, аммо он хеле оҳиста ба вуқӯъ меояд, ки соҳибзабонон аз он дарак намеёбанд. Бо роҳи берунӣ таҳти таъсири ҳодисаҳои таърихӣ дигар шудани забон фоҷиаи сахт ва ҳузнангез аст.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода қайд кардааст, ки "хазинаи маънавии ҳар як миллат забони ӯст. Эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, пайванди решаи дӯстии онҳоро ба вуҷуд меорад".

Дар Озарбойҷон омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ мешавад

Бояд қайд, ки соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Норвегия аз ҷониби ЮНЕСКО бахши СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият китоби Атласи забонҳои дунё ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ дастраси хонандагон гардид, ки дар он зиёда аз 2,5 ҳазор забон сабт гардидаанд. Теъдоди забонҳо дар муқоиса бо нашри соли 1959 камтар аст. Яъне дар зарфи 60 сол зиёда аз 230 забон аз байн рафтаанд.

Мутобиқи ин маълумот, дар Тоҷикистон 11 забон, аз ҷумла, забони бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, рошворӣ ва ғайра зери хатар қарор доранд.

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз 4-ҳазорсолаи хату алифбо дорад. Ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш нигоҳ дорем.

 Рӯзи забони модарӣ муборак, ҳамватанони азиз!