Меҳмони маст соҳибхоназанро корд задааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 27-сола дар шаҳри Исфара хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, марди 27-сола, сокини шаҳри Исфара, 19-уми феврали соли 2019, тахминан соати 08:00 дар ҳолати мастӣ дар меҳмонӣ соҳибхоназани 35-соларо корд задааст.

“Марди 27-сола ҳангоми дар хонаи истиқоматии зани 35-солаи сокини шаҳри Исфара қарор доштанаш, бо корди тамғаи “Финка” 1 маротиба ба шиками зани номбурда задааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ  шудааст. ВУД илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.