Амалиёти махсус баъди ҳушдори Зувайдзода барои берун кардани нозирони БДА аз Душанбе

Дар пайи ҳушдори шаҳрдории Душанбе барои берун кардани нозирони БДА аз пойтахт маъмурини милиса амалиёти махсус зери унвони “Микроавтобус” гузарондаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, амалиёти мазкур аз 5 то 17 уми феврал гузаронда шуда, дар натиҷа 1647  ронандаи воситаҳои нақлиёт, барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан ва вайрон намудани шартҳои мусофиркашонӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ҳушдори Зувайдзода: 1 моҳ муҳлат, вагарна нозирони БДА-ро аз Душанбе мебардорем

“Дар рафти ин амалиёт ба мушоҳида расид, аз меъёри муқарраршуда зиёд савор кардани мусофирон аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт боиси нигаронист”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ронандагон ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд ва таъкид намуд, ки минбаъд дар ҳамкорӣ бо ҷомеа рейду санҷишҳои мақсаднок барои танзими мусофиркашонӣ гузаронида мешаванд.

Ин амалиёт дар ҳоле сурат мегиранд, ки Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе ба масъулин ва нозирони роҳ барои бартарафсозии барзиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт як моҳ муҳлат дода буд. Ахиран зимни нишасти матбуотӣ масъалаи барзиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёт ба миён гузошта шуда, таъкид гардид, ки нозирони роҳ мебинанд, ронанда 25 то 40 нафарро бор кардааст, аммо мераванд “даст ба даст” мекунанду бо ҳамин боз роҳашро давом медиҳад.

Аз Зувайдзода суол шуд, ки чунин муросокории нозирони роҳ бо ронандагоне, ки қоидаҳои мусофирбариро нақз мекунанд, то кай идома хоҳад ёфт?

Ошкор шудани мастӣ ва “баднафсӣ”-и ронандаҳои мусофирбарҳо дар Душанбе

Маҳмадсаид Зувайдзода дар посух Фирдавс Саидзода, ноиби шаҳрдор дар умури нақлиёт ва масъулини нозирони роҳро муваззаф кард, намояндагони ҷамъиятҳоеро, ки дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд, ҷамъ оранд ва масъаларо ба онҳо фаҳмонанд.

Ноиби аввали шаҳрдори Душанбе ба масъулин  ҳушдор дод, модоме, ки масъала ҷой дораду онҳо аз уҳдаи ҳал намебароянд, боқимондаи нозирони БДА низ аз роҳҳои пойтахт бардошта мешаванд.

“Расо як моҳ муҳлат. Ҳамин масъаларо аз байн гум кунед. Набошад, мондагӣ нозирони БДА-ро аз қаламрави Душанбе мебардорем”, - ҳушдор дод Зувайдзода.

Ин дастуру амалиёт дар ҳолест, ки аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт хеле густурда шудааст. Бисёри ронандагон одатан дар чунин ҳолатҳо мегӯянд, касеро маҷбур намекунанд, ё маҷбуранд чун хароҷоти зиёд доранд ва мусофирон мегӯянд, ночоранд савори мошинҳои пур шаванд, чун дар акси ҳол дер мемонанд.