Ҷаримаи сокини бекори пойтахт барои доштани мурғу чорво

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини 38-солаи Душанбе, падари бекори се фарзандро барои доштани ду мурғ, як чорвои калони шохдор ва як асп 550 сомонӣ ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Исмоил Хоҷаев, сокини кӯчаи Саҳбо, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, маҷруҳи гуруҳи 3, муваққатан бекор, дар хонаи истиқоматияш 1 чорвои калони шохдор, 1 асп ва 2 мурғро парвариш ва нигоҳдорӣ мекардааст.

Чӯпони чолок: ҷои нигоҳубини чорво, онҳоро фурӯхта пулҳояшро ба ҷайбаш задааст

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори шаҳрдорӣ парвариши чорво дар ҳудуди шаҳри Душанбе мамнуъ мебошад.

Ба иттилои додгоҳ, Хоҷаев Исмоил дар мурофиа гуноҳашро иқрор шудааст.

Додгоҳ ҳолатҳои парвандаи маъмуриро ба назар гирифта, нисбати Хоҷаев ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 550 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат таъин кард.