Тоҷикистон барои узвият дар созмонҳои байналмилалӣ 32 миллион доллар пардохт кард

Тоҷикистон узви 30 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва созмонҳои вижаи он, ИКҲ, СҲШ, САҲУ, БУБТ, СБП ва ғайра мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.  Тоҷикистон соли 2018 барои узвият дар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва нигоҳ доштани маъмурияти дипломатӣ дар хориҷа ҳудуди 32 миллион доллар пардохт кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки Тоҷикистон соли гузашта пардохт барои узвият дар созмонҳои байналмилаливу минтақавиро комилан анҷом дод.

Тоҷикистон узви 30 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ ва созмонҳои вижаи он, ИКҲ, СҲШ, САҲУ, БУБТ, СБП ва ғайра мебошад.