БДА рақамҳои зебои силсилаи "РВ"-01, "НН"-07 ва "DD"-08-ро ба фурӯш мегузорад

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "НР" - 01 ва "DD" - 07 хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи  2-юми март дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи дуюми марти соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "РВ"-01, "НН"-07 ва "DD"-08 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.