Путин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русияро шарҳ дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёмаш ба иҷлоси муштараки парлумон шарҳ дод, ки Русия бо кадом кишварҳо ҳамкориҳояшро тақвият мебахшад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёмаш ба иҷлоси муштараки парлумон самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Русияро тавзеҳ дод.

Фарзанди бисёр – андози кам: пешниҳоди Путин ба парлумони кишвар

Ҳангоми суханронӣ Владимир Путин таъкид намуд, ки самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Русия, ин боло бурдани боварӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун бо дигар кишварҳо хоҳад буд.

Ба гуфтаи Путин Русия бояд ҳамкориҳояш бо Белорус тақвият бахшида, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун бо Чин ва Ҳиндустон аҳамият диҳад.

Вай таъкид кард, ки Русия ва Ҷопон роҳҳои мутақобил судманд барои имзои шартномаи сулҳро низ ҷустуҷӯ хоҳанд кард.

“Бо шариконамон дар доираи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё барои тавсеаи ҳамкориҳо идома хоҳем дод”, - таъкид намуд Владимир Путин.

Путин таъкид намуд, ки Русия ҳавасманди мухолифат бо Амрико нест.