Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорон мулоқот мекунад

Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони расонаҳо имрӯз баъд аз зӯҳри дар Қасри миллат баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 феврал бо рӯзноманигорон мулоқот мекунад, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Мулоқот баъди зӯҳр дар Қасри миллат баргузор мегардад ва дар он мавзӯи он "Инъикоси ахбори ҷаҳон ва дохил дар ВАО" мебошад, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар мулоқот намояндагони маҷалла, рӯзнома ва телевизионҳои давлатӣ иштирок хоҳанд кард.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур дар ин бора расман хабар надодааст.