Дар Душанбе барои занҷаллобӣ 200 доллар дар шаҳри Гулистон 180 сомонӣ

Кормандони милитсияи Тоҷикистон ду занро дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Гулистон барои ташкили фоҳишахона дастгир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.  Кормандони милитсия зани 37-солаи сокини шаҳри Ҳисорро барои ташкил ё нигаҳдории фоҳишахона, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.  

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як зани душанбегӣ барои ташкили фоҳишахона

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 11-уми феврали соли равон, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан зани 30-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт ва марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 200-доллари амрикоӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.

Инчунин, кормандони милитсия зани 40-солаи зодаи шаҳри Панҷакентро, ки муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда санаи 19-уми феврали соли равон бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан, марди 23-солаи сокини шаҳри Гулистон ва зани 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо ҳам шинос намуда, аз онҳо 180-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст. 

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур тафтишотро идома доранд.