ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса дар ноҳияи Дӯстӣ, марди 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳияро бо иттиҳоми куштор дастгир кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 17 феврали соли равон, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиаш, зимни муноқиша бо ҳамсари 23-солааш бо дастаи чӯбини бел якчанд бор ба аъзои бадани зан задааст.
“Дар натиҷа, зани номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст иттилоияи ВУД.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки муттаҳам қаблан бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноӣ, барои дуздӣ, расондани зарари сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ ва латукӯб суд шудааст ва феълан таҳқиқи парвандаи ҷадиди ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.