Роҳи Душанбе-Хуҷанд кушода шуд

Ширкати роҳбони IRS мегӯяд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳи Душанбе – Хуҷанд кушода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. IRS баъди зуҳри имрӯз эълон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт, ба истиснои нақлиёти ядакдор ва “фура”-ҳо имконпазир гардид.

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон бориш дар назар нест

Ин ширкат ҳушдор додааст, ки ҳанӯз ҳам хатари фаромадани тарма мавҷуд буда, аз ронандагон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд.

Субҳи 18-уми феврал IRS, эълон карда буд, ки бинобар барфрезии шадиду беист ва хавфи тармафароӣ, бар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки барфрезӣ ва эҳтимоли фаромадани тарма дар кишвар афзоиш меёбад.