Исфара барои ҷалби сармоягузорон форуми иқтисодӣ ташкил кардааст

Дар форуми “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа” вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, омилҳои рушди соҳибкорӣ ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфарабаррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik.  Дар шаҳри Исфара дар мавзӯи “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа” Форуми соҳибкорони шаҳр баргузор гардид.

Ширкати олмонии “GBP International” мехоҳад ба Суғд сармоягузорӣ кунад

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Исфара.

Дар форуми мазкур намояндагони мақомоти шаҳр намояндагони котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Мақомоти вилояти Суғд иштирок намуданд.

Инчунин ба форуми мазкур намояндагони консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, сардорон ва аъзоёни Ассотсиатсияҳои соҳибкорони зодаи шаҳри Исфара дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия, соҳибкорони маҳаллӣ даъват карда шуд.

 “Саноатикунонии босуръати кишвар тақозо мекунад, ки иқтидори истеҳсолии 47 корхонаи саноатии шаҳри Исфара афзун гардонида шуда, иловатан бояд корхонаҳои дигари истеҳсолӣ бунёд гарданд. Дар анҷоми ин кор бахши соҳибкорӣ бояд нақши калидӣ дошта бошад”, -таъкид намуд Салимзода.

Интиқоди раисҷумҳур аз фаъолияти раҳбарони соҳаи сармоягузорӣ

Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ҳамчунин қайд намуд, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда зарурати ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар ҷодаи афзун намудани ҳаҷми истихроҷи нафту газ, бунёди корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк, истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва консерва дар шаҳрро тазаккур дод.

Дар анҷом ба соҳибкороне, ки барои сохтмони иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон иқдом намудаанд, ба соҳибкорони маҳаллӣ ва Форуми соҳибкорони Исфара сипосномаҳои мақомоти шаҳр супорида шуд.