“Манораи танзими ҳаракати ҳавоӣ дар фурудгоҳ бехатариро тақвият медиҳад”

Интизор меравад, ки моҳҳои май-июни соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе манораи танзими ҳаракати ҳавоӣ ба истифода дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Икроом Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати  Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони манораи  танзимкунанда дар  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи марти соли 2018 оғоз гардида буд, навиштааст “Ховар”.

Манбаъ мегӯяд, ин иншооти муҳими аэронавигатсионӣ  дар доираи татбиқи созишномаи грантии  Тоҷикистон ва Фаронса бунёд гардида, барои таъмини бехатарии  ҳаракати ҳавоӣ ва рушди соҳаи аэронавигатсия нақши муассир мегузорад.

“Бо бунёди манораи танзимӣ, ки баландиаш 41 метрро ташкил медиҳад, биниши танзимгарон дучанд гардида, таъмини бехатарии парвозҳо  тақвият меёбад”, - омадааст дар иттилоия.