ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд чаҳор истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби ширкати “Суғдпайваст” мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа дар ҳар истгоҳ ҷойи нишаст, харитаи хатсайри автобусҳо, хизматрасонии мобилӣ ва ғайраҳо мавҷуд мебошад.
"Маблағи умумии сохтмони як истгоҳ беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - таъкид намудааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни ифтитоҳи истгоҳҳои мазкур ба масъулини дахлдор супориш дод, ки минбаъд дар истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла, кортҳои электронии пардохти роҳкиро, обҳои ташнашикан, хизматрасонии компютерӣ, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа муҳайё карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар чаҳорчӯби амалишавии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” ба маркази вилоят 100 адад автобуси тамғаи “ЛИАЗ” ворид карда шуда буд.
Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷониби идораҳои марбута сохтмони беш аз 150 истгоҳи муосир ба нақша гирифта шуда, ҳамакнун дар марҳилаи аввал чаҳор истгоҳ ба истифода дода шуд.