Дар натиҷаи ҷанҷоли гуруҳӣ дар Маскав ду нафар ба ҳалокат расид

Рӯзи якшанбе дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар хиёбони Волгогради шаҳри Маскав, як ҷавони 30-сола дар ҷои ҳодиса ва дигаре дар бемористон ба ҳалокат рисидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар шаҳри Маскав ду мард ба ҳалокат расидаанд, гуфтааст ёрдамчии калони саридораи Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Маскав Юлия Иванова.

Дар интернет наворе аз маҳалли ҷанҷоли гуруҳӣ дар Маскав пайдо шудааст

Ҳодиса дар Ҷануби Шарқии пойтахти Русия ба вуқуъ пайваста, вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба маълумоти ин ниҳод рӯзи якшанбе дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар назди биное дар хиёбони Волгогради шаҳри Маскав як ҷавони 30-сола дар ҷои ҳодиса ва дигаре дар бемористон ба ҳалокат рисидаанд.

Ҳамчунин маълум гардидааст, ки ҷанҷол дар заминаи ихтилофҳои пешаки вуҷуддошта миёни кормандони “Нуқтаи мошиншӯи” бархостааст.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш дар тарабхонаи “Неолит” дар Маскав ҷанҷоли гуруҳии калоне бо иштроки 100 нафар бархоста буд.

 Дар натиҷаи ин ҳодиса наздики 10 нафар маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин тарабхона чунин ҷанҷол пештар низ чанд маротиба рух дода буд.

Ба гутфаи кормандони тарабхона, ҷинояткорон мехостанд ба соҳиби ресторан ҳамла кунанд.

Бино бар иттилои ВУД, дар пайи ҳодиса 10 нафар боздошт шудаанд.