ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар натиҷаи ҳуҷуми Толибон ба гузаргоҳи марзӣ дар Музофоти Балх дасти кам 7 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд, рӯзи якшанбе иттилоъ дод шабакаи телевизионии Ariana News бо истинод ба гуфтаҳои намояндаи мақомоти пулиси ин музофот.
Ба маълумоти шабакаи телевизионӣ ҳодиса дар натиҷаи ҳуҷуми гуруҳи Толибон дар ҳудуди ноҳияи Чимтал бегоҳи рӯзи шанбе ба вуқуъ пайвастааст. Қайд шудааст, ки дар натиҷаи ҳамла аз намояндагони Толибон низ 3 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар Афғонистон рақобат миёни гуруҳи Толибон ва қувваҳои мусаллаҳи ҳукумати кишвар идома дорад.
Чанде пеш Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи ҳамкорӣ бо гуруҳи Толибон-ро чунин шарҳ дода буд.
Ба гуфтаи мудири Депортаменти дуюми Осиёи ВУХ Русия Замир Кобулов, Маскав дар сурати муқовимат бар зиди гуруҳи террористии ДОИШ ҳамкорӣ бо Толибонро метавонад пазирад.