Таъиноти кадрӣ: ба Раҷаббой Аҳмадзода ду муовини нав таъин шуд

Раиси вилоят муовинони навтаъинро ба масъулини вилояти Суғд муаррифӣ кард. Аҳмадзода ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дафтари матботии Ҳукумати вилояти Суғд аз таъин шудани ду муовини нав ба раиси вилоят Рааббой Аҳмадзода хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Баҳоваддин Турахонзода ва Рустам Каримзода бо ризогии раисҷумҳури Тоҷикистон ва қарори раиси вилоят муовинони Раҷаббой Аҳмадзода таъин гардиданд.

Нимаи дуюми рӯзи 14 феврал дар толори хурди ҳукумати вилоят маросими муаррифии кадрҳои навтаъиншуда доир шуд.

"Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кадрҳои навтаъиншуда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард ва ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳо, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дигар санадҳо, инчунин таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар назди муовинони Раиси вилоят вазифагузорӣ намуд", - менависад манбаъ.

Баҳоваддин Турахонзода соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.

Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт.

Рустам Каримзода соли 1972 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи аграрии давлатии Молдавияро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 дар филиали Институти боғдорию сабзавоткорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида, дар солҳои гуногун ба сифати ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи институти мазкур, муовини авали сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят, директори Муассисаи давлатии Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Суғд кор кардааст.