ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik.Туркияро ба Иттиҳоди Аврупо намепазиранд, зеро он кишвари мусалмонист, мегӯяд раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон.
"Моро ба ИА қабул намекунанд, зеро мо мусалмонем. Бигзор инро рӯирост гӯянд, аммо онҳо наметавонанд. Онҳо дар назди навор чизи дигар мегӯянд ва паси дарҳои баста чизи дигар. Онҳо доим талаботашонро барои ворид шудан ба иттиҳод зиёд мекунанд: аз 15 талабот сар шуда буд, ҳоло ба 35 расидааст", - изҳор дошт вай.
Туркия дар соли 1963 дар бораи иттиҳодӣ бо ИА (он вақт Иттиҳоди иқтисодии Аврупо) шартнома баст ва дар соли 1987 барои аъзогӣ ба иттиҳод дархост пешниҳод кард. Аммо гуфтушудҳо дар бораи узвият танҳо соли 2005 сар шуда, барои ихтилофотҳо чанд маротиба бозисонида шуд.
Моҳи марти соли 2016 Брюссел гуфтушунидҳоро бар ивази розигии Туркия дар кам кардани селаи муҳоҷирон дар Аврупо ба роҳ монд.
Аммо пас аз кӯшиши табаддулоти соли 2016 дар Туркия муносибатҳои кишвар бо ИА бадтар шуданд - Брюссел вокуниши ҳукумати Туркия ва боздоштҳои гурӯҳиро аз ҷониби Анқара интиқод кард ва гуфтушунидҳоро дар бораи вуруди кишвар ба иттиҳод дубора бозистонд.