Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон: ҳамкориҳо дар ду самт рушд карда истодаанд

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов дар бораи самтҳои муштараки ҳарду кишвар ибрози назар кард
Sputnik

Новобаста аз нооромии вазъ дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон миёни мақомоти расмии Душанбе ва Кобул ҳамкориҳои рушдкунанда дар соҳаҳои тиҷорат ва энергетика вуҷуд доранд, ба  Sputnik Тоҷикистон гуфт сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов.

Сафир иброз дошт, ки ҳамкориҳо ва муштаракоти Тоҷикистону Афғонистон таърихи мебошанд.

“Муносибатҳои мо кайҳо боз дар самтҳои гуногун мавқеи таърихӣ пайдо кардаанд. Чунки миёни мою Афғонистон муштаракоти зиёд аст: забонӣ, таърихӣ, фарҳангӣ”, гуфт сафир.

Алҳол миёни ҳарду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорӣ ва энергӣ мақоми аввалро гирифтаанд, ки барои аҳолии ҳарду ҷониб муфид мебошад.

Масалан, имрӯзҳо Афғонистон 30% қувваи барқи воридотиашро аз Тоҷикистон мегирад.

Инчунин тӯли солҳои охир дар дарёи Панҷ 6 купрук барои рафту омади ҷонибҳо сохта шуд, ки ин боиси зиёд гаштани ҳамкориҳо миёни мардум аст.