Руҳонӣ: ҷойгиршавии ДОИШ дар Афғонистон авзои Осиёи Миёнаро ноором мекунад

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ изҳори нигаронӣ кард, ки ДОИШ метавонад аз Сурия ба Афғонистон интиқол ёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Интиқоли ҷангиёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз Сурия ба Афғонистон метавонад авзои кишварҳои Осиёи Марказиро ноором кунад, мегӯяд раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Вай таъкид кард, ки дар ин ҳолат хатар ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

"Мо сахт нигаронем, ки қисми аз ҷангиёни ДОИШ метавонад ба Афғоғнистон роҳ ёбад. Ин ҳолат ба тамоми Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон хатари зиёд эҷод мекунад", - гуфтааст вай пас аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Туркия Таййиб Эрдуғон.

Ёдрас мешавем, 14 феврал дар Сочи гуфтушуниди "Сегонаи Остона" баргузор шуд, ки мақсад аз он танзими вазъ дар Сурия мебошад.

Раисҷумҳури Эрон гуфтааст, ки ИМА ДОИШ-ро дар Афғонистон сарпарастӣ мекунад. Дар ин мулоқот, ки чорумин буд, раисҷумҳурони Эрон,  Туркия ва Русия иштирок карданд.

Ҷанг дар Сурия аз соли 2011 идома меёбад. Соли 2017 дар бораи пирӯзии Русия бар ДОИШ эълон гардида буд. Кишварро аз нобудшавӣ раҳо дод.