ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, муттаҳам дар оташ задани бозори “Корвон” боздошт гардидааст, аммо ба далели идомаи тафтишот феълан номашро ошкор карда наметавонад.
“Корвон”, калонтарини бозори Тоҷикистон чанд бор дар солҳои охир сӯхт. Мақомот дар мавриди сӯхтори соли 2012-и ин бозор изҳор доштанд, ки бозорро қасдан бо истифодаи сӯзишворӣ оташ задаанд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои ВУД дар ҷумҳурӣ соли гузашта 1296 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 - 14 фоиз коҳиш ёфтааст. Бар асари сӯхтор 22 нафар ҳалок гашта, зарари аз сӯхтор расонидашуда зиёда аз 8 миллиону 765 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.