Дар интернет наворе аз маҳалли ҷанҷоли гуруҳӣ дар Маскав пайдо шудааст

Дар шабакаҳои иҷтимои наворе аз маҳалли ҷанҷоли гуруҳӣ дар Маскав пайдо шудааст
Sputnik

Дар навор дида мешавад, ки қисмати зиёди роҳҳои ин кӯча маҳкам шудаанд ва ҷои ҳодисаро гуруҳи кормандони пулис назорат доранд.

Чанде пеш расонаҳои хабарӣ аз ҳодисаи ҷанги гуруҳие дар тарабхонаи “Неолит” иттилоъ дода буданд.  Тавре қайд шуда буд, ҷанҷол дар тарабхона вақте сар шуд, ки ба он гурӯҳи мардон зада даромаданд. Онҳо мизоҷони қаҳвахонаро пеш кардаанд. Дертар дар қаҳвахона тирпарронӣ сар шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ҷанҷол аз 70 то 100 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷа наздики 10 нафар маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин тарабхона чунин ҷанҷол пештар низ чанд маротиба рух дода буд.

Ба гутфаи кормандони тарабхона, ҷинояткорон мехостанд ба соҳибаш ҳамла кунанд.

Бино бар иттилои ВУД, дар пайи ҳодиса 10 нафар боздошт шудаанд.