Ба ходимони дини Тоҷикистон сиёсати давлативу ҳуқуқ ва фикҳро меомӯзонанд

Барои ходимони дини Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил шуд. Дар марҳилаи аввали курсҳо 72 ходими дин фаро гирифта мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Ходимони дини Тоҷикистон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, феълан курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ оғоз гардида, як ҳафта идома меёбад. 

Дар марҳилаи аввали ин курсҳо 72 нафар ходимони дини шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.

"Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломии Тоҷикистон  доир ба мавзӯъҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳамияти китоби "Фиқҳи акбар" ва "Васиятнома"-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи адён, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзӯъҳо маърӯза ва мубодилаи афкор менамоянд", — менависад оҷонсии иттилоотӣ.