ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 19.05.1985, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ихтиёран ба идораи милиса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шудааст.
Ба иттилои ВУД, Гадоев изҳор дошт, ки “ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам”.
Гадоев, ки ба иттилои мақомот дар шаҳри Эиндховени шоҳигарии Ҳоланд зиндагӣ мекард, хостааст дар Ватан ба аъмоли ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
“Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, - иттилоъ додаст ВУД аз қавли Гадоев.
ВУД аз қавли Гадоев афзудааст, дигар нафароне низ, ки дар кофтукоб қарор доранд, барои ободии Ватан ихтиёран баргарданд.
“Гадоев аз соли 2012 бо моддаҳои 289 қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт”, - омадааст дар иттилояи ВУД.
Шарофиддин Гадоев аз ёрони Умаралӣ Қувватов, таъсисдиҳандаи созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ва яке аз фаъолони созмонҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.