10 ҷолибтарин мавзеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Соли 2018 шумораи сайёҳони дохилӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2017 як баробар зиёд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳа рўйхати 10 мавзеи ҷолиби кишварро барои сайёҳони дохилӣ ба тартиб даровардааст, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон солҳои охир мавқеи муайянро касб менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар маҷмуъ соли 2018 шумораи сайёҳони дохилӣ зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2017 як баробар зиёд  аст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори соҳа рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби кишварро барои сайёҳони дохилӣ тартиб дод, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 омода шудааст:

    Чилучорчашма — 150 000 нафар;

    Қалъаи Хуҷанд — 64042 нафар;

    Қалъаи Ҳисор — 40032 нафар;

    Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент—Саразм — 34800 нафар;

    Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ — 29103 нафар;

    Осоишгоҳи “Баҳористон”– 20853 нафар;

    Қалъаи Ҳулбук — 20072 нафар;

    Қалъаи Муғ – 16360 нафар;

    Чилдухтарон — 9331нафар;

    Сафеддара – 9260 нафар.

Ин навъи сайёҳӣ ба кишвар асъор ворид намесозад, вале тавассути даромадҳои иловагӣ аз хизматрасониҳо байни минтақаҳои кишвар ба рушди иқтисодиёт таъсир мерасонад.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда, захираҳои зиёди экологӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла,   мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд, мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ,     осоишгоҳҳои “Гармчашма”, “Ямчу” (Биби Фотимаи Заҳро), “Баҳористон”, “Сатурн”, “Хоҷа Оби гарм”, “Сароб”, “Сафеддара”, “Пули сангин”, “Чилдухтарон”  ва дигарон имкон медиҳанд, ки сайёҳон бо гузаштаи миллати тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.