Вазир: дар ВКД генерале нест, ки нисбати зан дағалию дуруштӣ кунад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи дағалии генерали фармондеҳи “ОМОН” нисбати як зан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал мешунавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба ВУД шикояту муроҷиате дар бораи дағалии генерали “ОМОН” нисбати зан дар Бадахшон ворид нашудааст ва ин хабарро бори аввл мешунавад.

Сангрезиш ва барфи шадид: роҳҳои Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Хуҷанд масдуд мемонанд

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, генерале нест, ки нисбати зан дағалгуфторӣ, ё дуруштӣ карда бошад. Вай таъкид намуд, ки агар нафаре қасди қонуншиканӣ кунаду генерал пеши роҳро гирад, ин ҳолати дигар аст.

Вазири умури дохилӣ таъкид кард, ки на ҳамаи ахбор бояд чун ҳақиқат қабул шавад, чун бисёре аз он зимни санҷиш тасдиқ намегарданд.

Вай афзуд, ситоди таъмини амният дар Бадахшон бо дастури роҳбари давлат барои амнияту тартибот дар он ҷо амал мекунад ва ба он роҳбарони ҳамаи сохторҳо- КДАМ, додситонӣ, додгоҳ, вазорати мудофиа, гвардияи миллӣ шомил мебошанд.

Ҳар рӯз қариб 3 ҷинояти террористӣ-эктремистӣ дар Тоҷикистон: 873 дар 1 сол

Вазир таъкид намуд, ки мардуми ВМКБ аз фаъолияти ситод бисёр розиянд, тартибот таъмин шудааст, мастигарӣ ва истеъмоли маводи мухаддир коҳиш ёфтааст.

Дар мавриди ворид шудани арақи пастсифат ба ВМКБ вазир гуфт, ки чунин муроҷиат ворид нашудааст, вале мақомоти дахлдор, аз ҷумла ВУД низ бояд фаъолият дар ин бахшро таҳким бахшанд.

Қаблан гуруҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ алайҳи дағалии генерали воломақоми ВУД нисбати як зан эътироз карда, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди қонуншиканро талаб карда буданд.