Тоҷикон - дувумин мардуми дарозумри Осиёи Миёна будаанд

Синни миёна дар Тоҷикистон 73,7 солро ташкил дода, дар Узбакистон ин нишондод ҳамагӣ 0,1 сол зиёдтар будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар Осиёи Миёна аз лиҳози дарозумрӣ ҷойи дувумро гирифт, менависанд муҳаққиқони Global Burden of Disease, ки нашриёти тиббии Lancet мунташир кардааст.

Тавре дар таҳқиқот гуфта мешавад, синни миёна дар Тоҷикистон 73,7 солро ташкил медиҳад. Дар Узбакистон ин нишондод ба 0.1 сол бештар, яъне 73,8 сол расидааст, ки кишварро ба ҷойи аввал баровардааст.

Дар Қазоқистон синни миёнаи одамон 72,4 сол, Қирғизистон - 70,9 сол ва Туркманистон - 70,4 сол будааст.

Дар Осиё мардуми Ҳонгконг - 84,3 сол, Ҷопон - 83,8 сол ва Итолиё - 83,5 сол дарозумртарин будаанд.

Муҳаққиқон мегӯянд, ки аз соли 1950 то соли 2017 умри мардҳо аз 48 то 70,5 сол ва занҳо аз 53 то 76 сол дароз шудааст.