ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) аз ҳалокати як корманди ширкат дар пайи тармарезӣ хабар дод. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 13 феврал дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух додааст.
Гуфта мешавад, бар асари зери тарма мондани як техникаи тамғаи ZL-50-и ширкати IRS дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ зери тарма монд. Дар натиҷаи ин офат, ки 8 километр поёнтар аз нақби Истиқлол рух дод, ронандаи 63-сола Туғён Умаров ба ҳалокат расид.
"Ҷасади Туғён Умаровро аз қаъри дара берун кашида, барои гӯручӯб ба маҳалли зисташ – деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол додаанд", - менависад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки давоми фаъолияти 10-солаи ширкат 9 корманди он зери тарма мондаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони ширкат бо баҳои ҷони худ барои мардум роҳ мекушоянд.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 —уми роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудааст. Дар роҳи мазкур фаромадини чандин тармаҳои калонҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.