"Ошиқ"-и араб ба Тоҷикистон меояд, ӯро сафир даъват кард

"Ошиқ"-и Тоҷикистон бо гурӯҳи калони намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои арабӣ дар моҳи марти соли 2019 ба шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт", - менависад дафтари матуботии ВУХ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ Мудири кулли агентиҳои сайру саёҳати Шарқи Миёна Саъд Аладвонӣ мулоқот намуд.

Қосимӣ ва Аладвонӣ роҳҳои ҷалби сайёҳони арабро ба Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

"Дар вохӯрӣ роҳҳои ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистон ва шиносонии кишвари биҳиштосои мо ба ҷаҳониён баррасӣ шуд", - менависад ВУХ.

Баъди ин мулоқот мудири кулли агентии сайру саёҳат тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад.

"Сафари ин "ошиқ"-и Тоҷикистон бо гурӯҳи калони намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои арабӣ дар моҳи марти соли 2019 ба шаҳри Душанбе ба роҳ монда хоҳад шуд", - тавзеҳ медиҳад ВУХ.