ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Гадоев фирор карда, феълан мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.
“Ҳоло дар кофтукоб эълон шуда, ҳамаи он молу мулке, ки ӯ дошт, мусодира шуд”, - таъкид намуд Раҳимзода.
Тибқи ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, генерал – майор Гадоев Файзулло Нуриллоевич дар порагирӣ, нашъаҷаллобӣ, пулшӯӣ ба миқдори махсусан калон ва сӯистифода аз мақоми давлатӣ гунаҳкор дониста шуда ба 28 соли зиндон бо мусодира амвол маҳкум шудааст.
Файзулло Гадоеви 60-сола, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ буда, мукофотҳои давлатии Тоҷикистону кишварҳои ИДМ-ро гирифта буд.
Ӯ 4 феврали соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар манобеи марбут ба тарҷумаи ҳоли Гадоев, макони таваллудаш вилояти Сурхондарё зикр шуда, ӯ аз миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳайси нозир дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистони шӯравӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Гадоев соли 1995 ба Раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД гузашта, аз соли 2002 ин раёсатро роҳбарӣ мекард.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо қарори додгоҳ, бар асоси моддаи 51-и Кодекси ҷиноӣ, Гадоев Файзулло аз рутбаи “Генерал-майори милитсия” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда шуда, бар асоси фармоиши ВКД, ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев, ки пеш ба ӯ тақдим гардида буданд, бекор карда шуданд.