Дуздии ноқилҳои барқӣ аз бинои навсохтмон

Аз ошёнаи 12-уми бинои навсохтмон ба маблағи 45 ҳазору 500-сомонӣ ноқилҳои барқиро дуздида аз ҷои ҳодиса фирор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино мактуби роҳбарияти ҶДММ “Креатин”, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бинои навсохтмон, аз ошёнаи 12-ум, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров, ноқилҳои барқӣ, ҷамъ ба маблағи 45 ҳазору 500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.