Майдони ҷанги Аҳмадшоҳ Масъуд: ҳаёти осуда байни гӯристони танкҳо

Sputnik

Ҳудиде, ки дар музофоти Панҷшер махсус ҳифз мешавад,  дараи Панҷшер аст, ки рамзи мардонагӣ ва озодихоҳии мардуми Афғонистон мебошад.

Дар аввал ва мобайнҳои солҳои 1980 инҷо амалиётҳои бузурги ҷангии қӯшунҳои ҳукуматии Ҷумҳурии демократии Афғонистон зидди  қувваҳои мусаллаҳи муташаккили сокинони маҳаллӣ бо роҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд гузаронида мешуданд. Шумораи умумии муҷоҳидон дар дараи Панҷшер ба 5 000 нафар расида буд.

Танҳо дар як амалиёт 2600 низомии афғон ва 11 ҳазор низомии шӯравӣ иштирок карда, 390 ҳавопаймову чархбол ва 39 воҳидҳои тирандози хушкигард истифода шудаанд. Пас аз ин ҳодисаҳо рӯди Панҷшер оби зиёдеро аз сар гузаронид. Феълан  панҷшериҳо зиндагии оддие доранд, аммо дар минтақаъ сулҳ ҳукмфармост ва мардумаш бо ифтихор ба сар мебаранд.

Дар дараи Панҷшер барои афғонҳо макони муқаддас - мақбараи қаҳрамони миллӣ - Аҳмадшоҳ Масъуд ҷойгир шудааст, ки мардум ба зиёраташ мераванд.

Як Аҳмадшоҳ мурду садҳо таваллуд шуд: чаро тоҷикони Афғонистон нуфузашонро гум мекунанд?

Сокинони маҳаллӣ меҳмнони русро хуш қабул мекунанд: "Хуш омадед, замоне мо ҷангидаем, аммо ҷанг - ҷанги бовиҷдонона буд. Ҳоло мо бояд дӯст бошем", - мегӯянд онҳо.

Ба гуфтаи мардум, бо гузашти даҳсолаҳо, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ғасби ИМА , афғонҳо дарк кардаанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия - душмани Афғонистон набуданд, аммо кӯшиши кӯмак ба кишвар ба воситаи ҷанг натиҷае надод. Имрӯз афғонҳо роҳ, ағба, корхонаҳои саноатиеро дида метавонанд, ки тайи солҳои зиёд онро русҳо ва мардуми шӯравӣ бунёд карда буданд. Иншоотҳоеро, ки Амрико дар фикри бунёд карданаш набуд ва нест.

Чеҳраи Аҳмадшоҳ Масъуд барои афғонҳо рамзи ояндаи нек, аммо бадастнаомадаи Афғонистони ором аст, ки дар он кишвар дин зидди рушди кишвар нест ҳунар тараққӣ мекунаду мардум дар осоиштагӣ ва сериву пурӣ зиндагӣ мекунанд.

Шери Панҷшер ба он нигоҳ накарда, ки маълумоти нопурраи олӣ дошт, ҳамадон буд, ғайр аз забонҳои дарӣ ва пашту забони франсузиро ба пуррагӣ медонист ва ҳамсӯҳбатонашро бо хушмуомилагиву зиракӣ ва хушахлоқӣ қоил мекард.

Тоҷикистонро исломӣ кунем: Абдуллоҳ ҷузъиёти суҳбати Мулло Умар бо Аҳмадшоҳ Масъудро гуфт

Ӯ пас аз хурӯҷи қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 тамоми шимолу шарқи Афғонистонро таҳти идораи худ мегирад ва ҳукумати то дараҷае устуворро барпо мекунад, иқтисодро ба по мемонад ва ҳатто пули милии кишварро ба истифода мебарорад. Бегумон, ӯ метавонист тамоми Афғонистонро муттаҳид кунад, аммо...

Мутаассифона, нафаре кишвари мустақилро зери идораи марди бомаърифате, ки пашту несту тоҷик аст, дида натавонист. Ва 9 сентябри соли 2001 Масъуд аз ҷониби террористони маргталаб кушта мешавад. Онҳо худро рӯзниманигор гуфта, зери наворбардор маводи мунфаҷира пинҳон карда буданд.

Фармоишгари асосии куштори Масъуд роҳбари ҳамонвақтаи "Толибон" Усома ибн Ладен гуфта мешавад.

Мутаассибон Масъудро куштанд, вале идеяҳои вай зинда монаданд. Ва Аҳмадшоҳ ҳатто бо гузашти 18 сол аз маргаш "то абад зинда" мемонад ва  роҳбари маънавию қаҳрамони Афғонистон ба ҳисоб меравад.

1 / 8
Роҳ ба Панҷшер дар як вақт зебо ва тира аст. Дар тарафи рост нишебиҳои кӯҳ аст, ки бо сабзаҳои тар пӯшонида шудааст. Дар ҷониби рост рӯд ва дар лаби он оҳанпораҳои зангзадаи КамАЗ ва техникаи ҷангӣ хобидаанд
2 / 8
Хориҷиён ба тамошои ин манзара оянд ҳам, худи афғонҳо кӯшиш мекунанд, ки аз он ҳодисаҳо ёдрас нашаванду зиндагии оромона дошта бошанд - савдо кунанд, кишоварзӣ кунанд, хона созанд ва фарзанд ба дунё оранд. Назар ба Кобул, дар деҳаҳои Панҷшер танке ба назар намерасад
3 / 8
Дар шаҳри Бозорак ҳатто ҳавои боронӣ ба ҳаёти рӯзмарраи мардум халал намерасонад. Гурӯҳи мардон дар бозор ахбори ахирро баррасӣ мекунанд, кӯдакон ба мактаб мераванд. Ба хориҷиён мардум бо чашми ҳайрат менигаранд, аммо нисбат ба мардуми Кобул худро канор намегиранд
4 / 8
Кӯдакон махсусан дар кӯчаҳо рӯйдодҳоро пайгирӣ мекунанд. Онҳо мутаассифона вақти худро на барои таҳсил ё варзиш, балки ба кӯмак ба волидон дар кишоварзӣ сарф мекунанд
5 / 8
Дар наздикиҳои мақбара аз ҷанг нишонаҳои зиёде мондааст. Инҷо метавона манзилҳои харобгашта ва техникаҳои ҷангии советиро дид. Мақбара бошад зебо аст, атрофаш обод ва ҳатто дар наздикии он фурӯшгоҳ ва қаҳвахонае аст
6 / 8
Дар атрофи он техникаи ҷангие меистад, ки маълум нест аз ҷониби кӣ оварда шудааст. Инҷо осорхонаеро мемонад, ки тирандозҳо экспонатҳояш аст
7 / 8
Танки шӯравӣ дар дараи Панҷшер
8 / 8
Сокинони маҳаллӣ аз хизматҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ёдовар мешаванд. Ӯ барои онҳо намунаи беҳтарини марди афғон аст