Қарзи аҳолӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” дар як сол ба 80,4 млн. сомонӣ зиёд шуд

Ширкати “Барқи тоҷик” таъкид намуд, ки бузургтарин қарздор дар назди ширкат аҳолии ҷуиҳурӣ будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Исломзода Мирзо Иброҳим, раиси ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи қарзи аҳолии ҷумҳурӣ барои истифодаи неруи барқ 956,8 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Бонку бензину “Барқи тоҷик”: Ҳукумат аз 1 январ нақшаи нави зиддибуҳрониро пеш мегирад

Дар маҷмӯъ маблағи қарзи истифодаи неруи барқ ба 2 млрд. 308,1 млн сомонӣ раси­да­аст, аз ҷумла қарздории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 139,7 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 163,9 млн.сомонӣ, КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” 41,7 млн.сомонӣ, ташкилоту муас­сисаҳои буҷетӣ 52,2 млн.сомонӣ, КМ “«Тоҷик­кимиё­са­ноат” 23,8 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 956,8 млн.сомониро ташкил медиҳанд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” қайд намуд, агра дар соли 2017 қарзи аҳоли дар наздик Ширкат 840 миллион сомониро ташкил медод, дар соли 2018 бошад қарзи аҳоли ба 80,4 миллион сомонӣ зиёд шуда ба 920 миллион сомонӣ роасидааст.

Вай гуфт, аҳолии Тоҷикистон бузургтарин қарздор аз истифодаи барқ мебошанд.

Исломзода таъкид намуд, ки бештари қарзи аҳолӣ маблағе мебошад, ки давоми солҳои истиқлолият ҷамъ шудааст.

Тағйири сохтори “Барқи тоҷик”: БОР ба Тоҷикистон кумак мекунад

Инчунин, раиси ширкати “Барқи тоҷик” тамоюли болоравии қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018 низ шарҳ дод.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 қарзҳои кредитории ширкати “Барқи тоҷик” ба 23,1 миллиард сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи раиси ширкат аз ин маблағ 18,5 млрд. сом­онӣ аз ҳисоби созишномаҳои зер­қар­зии Вазорати молия мебошад. Инчунин ширкат дар назди НБО-и “Сангтӯда -1”  1 млрд. 15,4 млн. сомонӣ ва дар назди НБО-и “Сангтӯда -2” 1 млрд. 362 млн. сомонӣ қарздор мебошад.