Вазорати хориҷа: иттилоъ василаи пурқудратест, ки метавонад пайомадҳои зиёд дошта бошад

Баста шудани сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон ба сабаби таъмини амният сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik.  Дар Тоҷикистон сомонаҳои иттилоотӣ ба сабаби таъмини амният баста мешаванд, эълон намудааст зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи кишвар.

Вай таъкид намуд, ки масдудият дар сомонаҳои иттилоотӣ барои ҳифзи субот дар кишвар ҷорӣ карда мешавад, чунки пештар дар Тоҷикистон назарияи нодуруст ташвиқ мешуданд.

“Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

“Баъд аз ҳамин мо ҳамин масъаларо бисёр омӯхтем. Иттилоъ – василаи пурқудратест, ки метавонад пайомадҳои зиёд дошта бошад. Барои танзими ин амал ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ баъзе аз сомонаҳо гоҳе масдуд мешаванд”, - таъкид намуд вазир.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон зиёд вақт дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои пайёмрасон низ масдуд мешаванд. Дар аввали соли равон дар ҷумҳурӣ кори  Facebook, Instagram, ВКонтакте ва Одноклассники, инчунин чанд сомонаи хабарӣ низ масдуд шуда буд.

Ширкатҳоие, ки ба расонидани хизматрасонии интернетӣ машғул мебошанд пештар хабар дода буданд, масдудият дар сомонаҳои иттилоотӣ бо сабабҳое сурат мегирад, ки аз онҳо вабаста набудааст.