Суғду Маскав ҳамкориҳои тиҷориро тақвият мебахшанд

Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Маскав ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба пойтахти Русия бо роҳбарияти Ассотсиатсияи соҳибкорони Маскав созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.

Даъвати Аҳмадзода аз Русия барои бунёди корхонаи муштараки саноатӣ дар Суғд

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 12 феврал пас аз мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов ва директори Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва Александр Разинов созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳамзамон доир ба  густариши муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба, ворид намудани технологияи нав ба вилояти Суғд ва ба роҳ мондани содироти асал, хушкмеваҳо ва дигар молу маҳсулот ба шаҳри Маскав гуфтушунид намуданд.