Кумита ба шаҳрдорӣ: “шустушӯи нақлиёт” ва “мо кушода шудем” дуруст нест

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳи овезаҳо бо навиштаҷоти “шустушӯи нақлиёт”, “мо кушода шудем” ва амсоли инҳо ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ гуруҳи муштараки корӣ таъсис дода мешавад, ки ба ислоҳи ин камбудиҳо машғул хоҳад шуд.

Ваҳдату Истиқлол камтар мешаванд: ҷонибдории Ҳукумат аз тағйири ҷойномҳои такрорӣ

Ӯ изҳор дошт, ки “шустушӯйи нақлиёт” дуруст нест. Кумита “шустани мошин”-ро пешниҳод кардааст, вале ба гуфтаи Шарофзода пешниҳоди ниҳоиро гуруҳи корӣ ироа хоҳад кард.

Раиси Кумитаи забон гуфт, навиштаҷоти “мо кушода шудем” низ тарҷумаи таҳтуллафзии нодуруст мебошад. Аммо масъулини Кумита феълан ҷойгузини онро ироа накардаанд.

Гавҳар Шарофзода изҳори боварӣ намуд, ки гуруҳи кории муштарак бо шаҳрдорӣ ташкил хоҳад шуд ва ин камбудиҳо ислоҳ мегарданд.