Замир Кобулов: Русия барои мубориза бо ДОИШ бо толибон ҳамкорӣ мекунад

Мудири департаменти дувуми Осиёи ВУХ Русия Замир Кабулов изҳор дошт, ки Маскав танҳо барои мубориза бо ДОИШ бо толибон ҳамкорӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия эҳтимоли ҳамкории Русияро бо гурӯҳи радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  тавзеҳ дод.

Тавре Замир Кабулов, мудири департаменти дувуми Осиёи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, Маскав метавонад бо "Толибон" ба хотири мубориза бо ДОИШ (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳакорӣ кунад.

"Барои чӣ не?", - изҳор дошт вай дар рафти нишасти матуботӣ дар Агентии иттиилоотии байналмилалии "Россия сегодня".

Дар ҳамин ҳол, вай афзудааст, ки толибон бидуни ин ҳамкорӣ ҳам, "хело хуб" бо террористони ДОИШ мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи мудир, бознигарии статуси мамнӯияти "Толибон"-ро вобаста ба кӯшишҳои амалии онҳо дар оштии миллӣ бояд дида баромад.

Кобулов: чаро Русия дар муноқишаҳои Афғонистон бетараф бошад

"Бознигарии статуси толибон ҳоло баррасӣ намешавад. Аммо бояд қадам ба қадам ҳал кард. Мо бояд фармони раисҷумҳурро дар бораи  гурӯҳи террористӣ эътироф кардани "Толибон фаромӯш накунем. Ин фармон пас аз қарордоди Шӯрои амниятии СММ ба тасвиб расидааст. Агар шӯрои амнияти созмон қарори дигареро қабул кунад, ба фикри ман, роҳбарияти Русияро низ қарорашро бознигарӣ мекунад", - изҳор дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Кобулов, бардоштани таҳримот аз "Толибон" дар ҳолати барпо шудани оштии миллӣ мантиқӣ мешуд.

 Русия гуфтушунидҳои Амрико ва толибонро дастгирӣ мекунад, афзуд вай.

"Бидуни ба мувофиқа расидани ИМА ва ҳаракати толибон танзими вазъ дар Афғонистон мушкил аст", - гуфт вай.

Кобулов таъкид бар он кард, ки амрикоиҳо зарурати анҷом додани ҷангро дар Афғонистон дарк карданд. Дар ин бора Доналд Трамп ҳам борҳо таъкид кардааст.

"Захира ва ҷони зиёдеро қурбон карданд - бояд рафт. Аммо гуфтан осон асту иҷро кардан мушкил", - афзуд вай.

Ба гуфтаи вай, пас аз берун шудани амркиоиҳо, ки зидди доишиҳо мубориза намебаранд, дар кишвар чизе тағйир намеёбад.

"Вақте ки афғонҳо бо Кобули расмиву толибон оштӣ мекунанд, онҳо бо ҳамдигар ҷанг намекунанду ба ДОИШ мечаспанд, он вақт аз ин гурӯҳи террористӣ нишоне намемонад, - таъкид кард вай.