Боздошти марди 48-сола бо 41 санги қиматбаҳо дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 48-сола, сокини ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, муттаҳам аз ҷониби маъмурини милисаи шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз ӯ 41 адад сангҳои рангашон гуногун гирифта шуд.

Боздошти қочоқбари сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон

Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон афзуд, ки аз сангҳои гирифташуда 10 ададашон сангҳои "Ёқут" вазнашон 10,23 грамм, 1 адад санги "Лаъл" вазнаш 1,07 грамм, 25 адад сангҳои "Клиногумит" вазнашон 18,79 грамм, 4 адад сангҳои "Корунд" вазнашон 6,76 грамм ва 1 адад санги "Гранат" вазнаш 4,36 грамм мебошанд.

ВУД вазни умумии сангҳои мусодирашударо 41,32 грамм арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.