ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, 15 созишномаи нав барои татбиқи 12 лоиҳа ба маблағи умумии 3,5 миллиард сомонӣ, ё 371 миллион доллар имзо гардиданд.
Манбаъ таъкид кард, ки аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 2,37 миллиард сомонӣ, ё 67,7 фоизи онро маблағҳои грантӣ ва 1,13 миллиард сомонӣ, ё 32,3 фоизи онро қарз ташкил медиҳад.
Дар мавриди тақсими сармояи созишномаҳои мазкур ба соҳаҳо, Кумита иттилоъ дод, ки аз ҳама бештар ба бахши нақлиёт – 1 миллиарду 170 миллион сомонӣ равона шудааст.
“Мутобиқи созишномаҳои мазкур барои рушди энергетика 830 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 430 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 390 млн. сомонӣ , тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 320 млн. сомонӣ , ирригатсия 265 млн. сомонӣ ва ҳолатҳои фавқулодда 95 млн. сомонӣ воситаҳои молиявӣ равона карда хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат 69 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа тариқи маблағгузории ҳам қарзу ҳам грант ба маблағи умумии 30,5 миллиард сомонӣ - 3,23 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодаанд.