Анҷоми 133 амали пайвандкунии узвҳои бадани одам дар Тоҷикистон

Соли гузашта дар кишвар 116 тан амали пайванди гурда, 10 тан бофтаҳои ҷигар ва 7 нафар интиқоли мағзи устухониро паси сар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Соли 2018 дар Тоҷикистон 133 амали пайванди узви бадани одам анҷом ёфт, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Нархи табобат дар Тоҷикистон 15% баланд мешавад

Насим Олимзода, вазири беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоъии Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта дар кишвар 116 тан амали пайванди гурда ва 10 тан бофтаҳои ҷигарро паси сар карданд.

Ҳамчунин, дар маркази миллии илмии пайванди узв ва бофтаҳои одам бахши интиқоли мағзи устухонӣ  фаъолият дорад ва дар ин бахш 7 тан аз амал гузаштанд.

Ба гуфтаи вазири беҳдошт, аз оғози соли 2011 то ба ҳо ҳол дар кишвар 536 амали пайванди узви одам анҷом ёфтааст.

Дар ин муддат 84 тани хориҷӣ, аз ҷумла 27 тан шаҳрванди Озарбойҷон, 21 тан шаҳрванди Қирғизистон, 16 тан шаҳрванди Исроил ва ғайра амали пайванди аъзо шуданд.

Бемори дармонёфта: кӯдаконам маро водор ба идомаи табобат карданд

Ба гуфтаи Олимзода, яке аз сабабҳои омадани шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон барои амали пайванди аъзо хидматрасонии босифат дар кишвар мебошад. Нархи чунин хидматрасониҳо дар Тоҷикистон хеле арзон мебошад, вале ягон бемор барои нархи арзон саломатии худро ба хатар намегузорад.

Вай афзуд, ки барномаи таъмини дастрасии густурдаи умумӣ ба амалҳои мураккаб ва қимат идома дорад.

Ба додаҳои вазорати беҳдошт, нархи пайванди гурда дар Маркази миллии илмии пайванди аъзо ва бофтаҳо 48 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор доллар) ва нархи пайванди бофтаҳои ҷигар 118 ҳазор сомонӣ (12,5 ҳазор доллар) мебошад.