Мулоқоти ғайрирасмии Путин бо Жээнбеков дар Сочи

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Сочи мулоқоти ғайрирасмӣ кард  
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо роҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Сочӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд, гуфтааст сухангӯи Президенти Русия Дмитрий Песков.

Песков, ҳамчунин илова намудааст, ки роҳбарони ҳарду кишвар масоили минтақавиро низ баррасӣ намуданд.

“Роҳбарони ҳарду кишвар сатҳи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, назарияашонро нисбати як қатор масоили минтақавӣ иброз намуданд”, - қайд кардааст Песков. 

Инчунин, тарафҳо доир ба масъалаи омодагии сафари дар пешистодаи Путин ба Қирғизистон гуфтугӯ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки гуфтушунидҳои Путин бо Жээнбеков дар шакли вохӯрии ғайрирасмӣ дар шаҳри Сочи сурат гирифтанд.