Ҳалокати ронандаи "Мерседес" дар пайи садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Ронанда дар ҳудуди шаҳри Истаравшан аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "ДАФ" баромадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар пайи садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ як нафар ҳалок шудааст.

Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса 7 феврал дар ҳудуди шаҳри Истаравшан рух додааст.

Гуфта мешавад, тахминан соати 22:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Атеко" Бобоев Шаҳбоз Воҳидович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст.

Бобоев ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "ДАФ", таҳти идораи ронанда, Ғайратов Раҷабмурод Бобоҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Атеко"  Бобоев Ш.В. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - менависад ВУД.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "ДАФ" Ғайратов Р.Б. ва мусофираш Саидов Рустам Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.