Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Барои баргузории "Чакомаи гесу" Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 54050 (панҷоҳу чор ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ҷудо мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз ба имзо расидани қарори нави раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ хабар медиҳад. Мувофиқи қарор дар шаҳри Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор мешавад.

"Нақшаи чорабиниҳои баргузории Фестивали “Чакомаи гесу”, Низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарсти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

Барои баргузории "Чакомаи гесу" Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 54050 (панҷоҳу чор ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ҷудо мекунад.

Ёдрас мешавем, чунин як ҷашнвора чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд.

Ҳукумати Хуҷанд кӯдакони аз 5 сола боло, духтарон ва занон бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои иштирок ба озмуни "Чакомаи гесу" даъват карда буд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе шарту шароити баргузории фестивалро эълон накардааст.