Путин роҳбари нави Сарраёсати муҳоҷиратии ВУД Русияро таъин кард

Генерал-майори пулис Валентина Қазақова роҳбари Сарраёсати муҳоҷиратии ВУД Русия таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин Валентина Қазақоваро роҳбари нави сарраёсати муҳоҷиратии ВУД Русия таъин кард. Дар ин бора вебгоҳи расмии маълумоти ҳуқуқӣ иттиоъ медиҳад.

"Генер-майори пулис Қазақова Валентина Лвовна роҳбари Сарраёсати муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия - роҳбари раёсати назоративу тафтишотӣ таъин гардад", - гуфта мешавад дар хабар.

Пештар Қазақова хабар дод, ки Русия дар соли 2018 аз ҳисоби фурӯши патент 57 миллиард рубл даромад гирифт.

Ба гуфтаи вай, соли гузашта мутахассисони марказҳои муҳоҷиратӣ дар умум 1,7 миллион патент ба тартиб дароварданд.

Пештар маълум гашта буд, ки аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2018 даромад аз фурӯши патент дар Маскав то 12 дар сад афзуда, 15,2 миллиард рублро ташкил намуд.

Ҳамчунин қайд карда мешуд, ки 61 дар сади муҳоҷирон дар соли 2018 бори дувум патент гирифтаанд.

Ёдрас мешавем, бино бар қарори вакилони рус, арзиши андози патент аз 1 январ дар чанд минатақаи Русия, аз ҷумла Маскав гарон шуда, дар пойтахт он 5 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медиҳад.