Куштигирони Тоҷикистон дар мусобиқоти Paris Grand Slam-2019 ширкат мекунанд

Тими миллии куштиии Тоҷикистон, ки муштамил бар 6 тан куштигир аст, дар мусобиқоти байналмилалии Paris Grand Slam-2019 ширкат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Бино ба иттилои маркази матбуотии кумитаи миллии Олимпики Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 9 ва 10 феврал баргузор мешавад.

Беҳрӯз Хоҷазода дар радаи вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Темур Раҳимов дар радаи вазни боло аз 100 кило дар мусобиқа аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқа аз 98 кишвари ҷаҳон 360 тан мард ва 240 зани куштигир ширкат хоҳанд кард. Ширкаткунандагони мусобиқа имкони дарёфти имтиёзҳои олимпикиро доранд.

Ғолибони мусобиқа 500 имтиёз, дорандагони паллаи дувум 250 ва барандагони паллаи савум 250 имтиёз дарёфт мекунанд.

Сандуқи ҷоизаии мусобиқа 150 ҳазор доллар аст. Барои паллаи нахустин 5 ҳазор доллар, барои паллаи дувум 3 ҳазор ва барои паллаи савум 1,5 ҳазор доллар муъайян  шудааст.