Шаҳрдорӣ ҳаракати микроавтобусҳо дар як хатсайри дигарро мамнуъ кард

Шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳоро дар хатсайри рақами 4 мамнуъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, аз 11 феврал ҳаракати мусофирбарҳои хурди рақами 4 дар масири маҳаллаи Чиноро – маҳаллаи Пролетар мамнуъ мебошад.  

Манбаъ афзуд, ки дар масири мазкур аз 11-уми феврали соли равон хидматрасонӣ тариқи автобусҳои “Акиа” роҳандозӣ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват кардааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои №4, ки дар масири терминали Шарқ-Транс - ҶДММ “Маром” ҳаракат мекунанд, истифода баранд.

Мақомоти Душанбе ҳадафи иваз кардани мусофирбарҳои хурд бо автобусҳоро дар кӯчаҳои Душанбе беҳбуди вазъи хидматрасонӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мегӯянд.