Шарҳи раиси “Сафина” дар бораи ҷалби мутахассисони ҷавон ба телевизион

Носир Саидов, раиси муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” мегӯяд, наттоқонро барои телевизион, махсусан барои барномаҳои иттилоотӣ мо тариқи озмун қабул мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Саидов зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, баъди қабули наттоқон давоми се-чор моҳ онҳоро меомӯзонанд.

Кадом 1-у кадом 2: раиси Кумита назари тоҷикистониёнро дар мавриди телевизион гуфт

Хабаргузории “Ховар” аз қавли Саидов афзудааст, ки ҳамчунин телевизион дар як сол як маротиба озмун эълон мекунад ва бо донишгоҳҳою роҳбарияти факултаҳои журналистика барои дарёфти ҷавонони  боистеъдод ҳамкории мустақим дорад.

“Нафароне, ки қобилияти барандагӣ,  чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта  бошанд, ба кор қабул карда мешаванд. Аммо,  мутаассифона, ёфтани  наттоқе, ки ҳам дар барномаҳои иттилоотӣ барандагӣ кунаду ҳам қалами хуб дошта бошад, бисёр мушкил аст”, - изҳор доштааст Саидов.

Зимни нишаст таъкид гардид, ки “Телевизиони Сафина” бо мақсади табодули таҷриба ва ҳавасмандсозии кормандони соҳаи телевизион соли дуюм аст, ки Озмуни телевизионии “Беҳтарин”-ро баргузор мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин озмун аз рӯи 11 бахш беҳтаринҳо дарёфт гардида, бо ҷом, диплом ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд.